БУЗУРГДОШТ: “ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ”
Дар толори китобхонаи Донишкада бахшида ба 115- солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Вассофи сулҳу дӯстӣ” чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Ин иқдом аз ҷониби н.и.п. омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Хайринисо Темурова ва кормандони китобхонаи Донишкада сурат гирифта, дар он дотсенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент Усмонҷон Ахмедов ва донишҷӯёни курси сеюм фаъолона иштирок варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ Хайринисо Темурова оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода маърӯзаи пурмӯҳтаво пешкаш намуд. Таъкид шуд, ки аз давраҳои қадим миллати тоҷик дорои шахсиятҳои бузургест, ки дар рушду нумуи фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми шоиста гузошта, номи хешро дар лавҳаи таърих абадан сабт намуданд. Дар ин радиф, бо ифтихор метавон номи фарзонафарзанди тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, абармарди арсаи сиёсат Мирзо Турсунзодаро ба забон овард, ки, пеш аз ҳама, дар олам ҳамчун шоири сулҳсаро машҳур аст.
Ин бузургмарди таърихиро на фақат дар Тоҷикистон, балки аксари кишварҳои дунё, хусусан манотиқи Осиё ва Африқо, мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути неруи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ суҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад. Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард.
Воқеан, агар ба эҷодиёти устод Турсунзода назар андозем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст. Донишманд ва профессор Иброҳим Усмонов фаъолиятҳои гуногуни устод Турсунзодаро дар муаррифии фарҳангу адабу тамаддуни тоҷикон дар миёни халқҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, меафармояд: “Мирзо Турсунзода адиби хеле варзидаву бузург, ки шоирону нависандагони Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон ва дигар мамолики Осиёиву африкоӣ ба ӯ чун шахсияти барҷастаи адабиёт ва инсони неруманду сулҳпарвар рӯ меоварданду эҳтиромаш мекарданд”.
Мирзо Турсунзода аз ибтидои ҳаёти худ барои сулҳу дӯстии инсонҳо талош карда, пайваста таъкид мекард: "Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем ва ба тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем".
Сипас аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо аз эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода қироат карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар толори китобхонаи Донишкада ба маърази донишҷӯён бо ташаббуси кормандони китобхона намоиши китобҳои Мирзо Турсунзода ташкил карда шуд, ки донишҷӯён аз онҳо дидан намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО